Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

.

  

13 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2024 баргузор гардид.

ПРЕСС- РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024

.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПРЕСС- РЕЛИЗ

оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024 

Дар соли 2024 шиддатнокии вазъи геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, канда шудани занҷираи таҳвил ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома ёфта, иқтисоди глобалиро ноустувор ва мураккаб гардонид.