
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод
Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия бо қароргоҳ дар шаҳри Исломобод Ҷамол Боқир Абдулло вохӯрӣ анҷом дод.
Баргузории хониши идоравӣ оид ба масъалаҳои дин ва танзими ҷашну маросим дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
24 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ташаббуси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими вазорат бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат хониши идоравӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои дин ва танзими ҷашну маросим дар кишвар баргузор гардид.
Вохӯрии роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд
24 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Чигдем Акин - Директори Дафтари идоракунии бахши давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, роҳбари миссия, Анҷум Исрар - мутахассиси калони бахши давлатии дафтари мазкури Бонки Осиёии Рушд (БОР) баргузор гардид.