Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 августи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардида, ҷонибҳо бо мақсади афзоиши содироти маҳсулот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд.