Баргузории дарси омӯзишӣ дар курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир»

.

  

4 июли соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дарси омӯзиширо дар мавзӯи татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: дастовардҳо ва афзалиятҳои минбаъда баргузор намуд.

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

.

  

4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

.

  

3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.