Cафари корӣ ба ноҳияи Панҷ

.

Санаи 12 октябри соли 2019 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии нӯҳмоҳаи соли 2019 дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ

.

Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

.

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное