Ифтитоҳи ду хати нави технологияи истеҳсолӣ дар ҶСП "Оби Зулол" дар шаҳри Истаравшан
1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол"-ро мавриди истифода қарор доданд.