Навиди Вазорат



Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)

.

 

Рӯзи 11 марти соли 2021 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

 Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо мақсади содагардонии расмиёти савдо, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Вобаста ба чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтиодиёти миллӣ аз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардид.

Инчунин қайд гардид, ки ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба баъзе кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.

Мақсад аз баргузории форуми мазкур ин табодули иттилоот дар бораи сиёсати самараноки барқароршавӣ пас аз пандемияи коронавируси COVID-19 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор буд, ки дар он аз ҷониби намояндагони кишварҳои минтақа мушкилот ва амалҳои мушаххас баррасӣ карда шуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои минтақа, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.