
Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, рӯзҳои 16-21 декабри соли 2020
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ баён доштанд, аз 16 то 21 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода шуд.
Ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи татбиқи Лоиҳаи UNFPA
Рӯзи 18 декабри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими расмии ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи татбиқи Лоиҳаи намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон (UNFPA) «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» дар соли 2020 баргузор гардид.
Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
18 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.