Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд
Рӯзи 2 марти соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Раиси Вулуси Ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба сатҳи аъло баромада, идома доранд.
Тарафҳо дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон қайд карданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд.
Ҷониби Афғонистон низ дар навбати худ омодагии хешро ҷиҳати беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.