Гузоштани санги асоси сохтмони гармхонаи замонавӣ ва боздид аз гармхонаи “ММК-Агро” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор” ва иштирок дар намоиши гулҳои ороишии хризантема дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор”-ро ифтитоҳ намуда, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема иштирок карданд.

Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон

.

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғоз бахшиданд.