Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-и деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

.

Дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.

Cуханронӣ дар маросими ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар рӯзҳои мубораки таҷлили ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи Аҷам ба истифода додани майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти зебои Ғозиён ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.