Роҳбарияти вазорат ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ бо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ятимони кулл ва бепарастони ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд. Аз ҷумла либоси гарм ва маҳсулоти хурокворӣ ба монанди 38 халта орд, 190 кг шакар, 190 кг биринҷ, 114 литр равған ва 18 дона курткаи зимистона ба онҳо супорида шуданд.

Завқизода З. А. кудакони ятими кулл ва бепарасторони ноҳияи Панҷро бо фарорасии соли нави 2021 аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо самимона шодбош гуфта, некӯаҳволӣ, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу намуд. Инчунин қайд намуд, ки ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон дар мадди назари доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное