Таъиноти кадрӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин гариданд, мулоқот намуданд.