Иштирок дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”
15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.