Мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

13 ва 14 марти соли 2019 дар ҳошияи VII Форуми байналмилалии Боку, ки ҳарсола бо ташаббуси Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ баргузор мегардад, мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Шоҳин Мустафоев сурат гирифт.

Мулоқоти Ҷуразода Тоҷиддин бо Сафири Ҷумҳурии Шри-Ланка

.

Имрӯз Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода, Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Шри-Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нурдин Муҳаммад Шаҳид ба ҳузур пазируфта, бо таъйин шуданаш ба ин мансаб табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар бозҳам густариш меёбад.

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал

.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.