Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ

.

18-20 декабри соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Неъматулло Ҳикматуллозода- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Давлати Кувайтро Халифа Мусаид ал Ҳамада – муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт роҳбарӣ намуданд.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БРЕНДИ СОЛ-2017»

.

13 декабри соли 2017 дар Меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2017» таҳти унвони «ҚУЛЛАИ ШАРАФ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ ширкат варзиданд.