
Боздид аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд.
Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи бинои Нозироти андози шаҳри Бӯстон
23 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Сугд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.