Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо

.

Мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд.

МУЛОҚОТ БО САФИРОНИ НАВТАЪИН

.

21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯриҳои Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафирони як қатор давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич, Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс ва Давлати Исроил Эдуард Шапиро баргузор гардиданд.