Ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ
13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат ва суханронӣ намуданд.