Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар
Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.