Иштироки Вазир дар ҷаласаи вазирони СҲШ

.

12 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии вазирони масъули робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва савдои берунаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок намуданд. 

Ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони ҳарду ҷониб ба кори худ оғоз бахшид.

Иштироки Вазир дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкориҳои Осиё

.

8-10 октябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкориҳои Осиё, ки дар шаҳри Банкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор мегардад, иштирок намуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони зиёда аз 34 давлати Осиё, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.