Тасдиқи рамзи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд. Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

.

Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мусоидати Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назризода ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид.

Рӯзи ихтироъкорону навоварон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

.

Ҳамдиёрони азиз!

Иҷозат фармоед, Шуморо ва дар симои Шумо, тамоми ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳмгузор ҳастанд, ба муносибати “Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон” ва “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори хушу хонаи ободро таманно намоям.