Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорат
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.