Мулоқоти Вазир бо сафирон

.

10 марти соли 2016 Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Остона) ҷаноби Андраш Бараниро барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар густариши бештар касб хоҳад кард.

Вохӯрии Вазир бо Ингрид Терсман

.

Нимаи дуюми рӯзи 11 марти соли ҷорӣ  Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия, (бо иқоматгоҳаш дар ш.Стокголм) хонум Ингрид Терсманро ба ҳузур пазируфт.

Иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, рушди туризм ва ғайра аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Н.Ҳикматуллозода ва хонум И.Терсман маҳсуб меёфт.

Семинар дар мавзӯи тиҷорати фарогир дар Тоҷикистон

.

«Тиҷорати фарогир дар Тоҷикистон – имкониятҳои нав ҷиҳати рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ» - таҳти чунин унвон 9 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Илёсиддин Камолиддинзода ва Роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Си Си Ю бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ба ширкаткунандагони семинар барору комёбӣ таманно карданд.