Баррасии масоили иқтисодӣ бо намояндагони ХБА
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатон Данн баргузор гардид.
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатон Данн баргузор гардид.
Дар ибтидои мулоқоте, ки 20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Осиё доир гардид, Вазир, Шариф Раҳимзода омодагии Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Ҷаласаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Фаррух Ҳамралиев, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Марша Оливе, инчунин, намояндагони вазорату идораҳо ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шарикони рушд, ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2012 №1С/12.2-1 ва бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баргузор гардид.