Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара

.

Бо дастгирии бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф), 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара баргузор мегардад.

Ҷашни Сарқонун дар Вазорат

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ бахшида ба 19-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода оид ба нақш ва мақоми Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст, сухан ронда, кормандонро ба ин санаи фархунда табрик намуданд.

Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара баргузор гардид,ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода, муовинони Вазир, сардорони сарраёсатҳо- аъзои Ҳайати мушовараи Вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуданд.