
Мулоқот бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”
Олиҷанобон,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!