Сафари омӯзишии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Узбекистон
Рӯзҳои 8 - 14 сентябри соли 2024 дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №22/10-55 аз ҷониби ҳайати расмии кишвар иборат аз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андоз таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо - Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид сафари омӯзишӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Узбекистон анҷом дода шуд.
Дар доираи сафар мулоқоти Солеҳзода А. А. бо Гуламов Шохрух Ҳасанович муовини Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба сатҳи шарикии стратегӣ баромад.
Дар навбати худ Гуламов Ш. Ҳ. маълумоти муфассал вобаста ба минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Ҷумҳурии Узбекистон пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Узбекистон 29 минтақаи озоди (махсуси) иқтисодӣ дар масоҳати умумии зиёда аз 9000 га замин таъсис дода шуда, дар онҳо зиёда аз 1000 корхона ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии корхонаҳои бақайдгирифташуда, ҳоло 654 корхона фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ мондаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ҳамаи МОИ - и Узбекистон аз аввали фаъолият 3,7 миллиард доллари ИМА - ро ташкил дода, дар онҳо зиёда аз 60 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Аз аввали фаъолият ба маблағи зиёда аз 960 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот карда шудааст.
Ҳамзамон дар доираи сафар ҳайати расмии кишвар аз минтақаҳои озоди иқтисодии «Ангрен», «Ургут», «Навоӣ», «Ҷиззах», «Термез» ва минтақаи савдои озоди «Айритом» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, таҷрибаи пешқадами ташкилу идоракунии минтақаҳои мазкур шиносоӣ пайдо намуданд.