Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024
Санаи 12 декабри соли 2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 таҳти №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардида, дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.