Иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб

.

  

1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, содагардонии расмиёти савдо ва рақамикунонӣ дар Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ)

.

  

30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон ва вазирони аъзои БҲИМОМ Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид

.

  

Санаи 30 ноябри соли 2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.