Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳия ва баррасии Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

11 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти намояндагӣ ва коршиносони Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ баргузор гардид.

Лоиҳаи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия карда шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, агентиҳои «Тоҷикстандарт», суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Палатаи савдо ва саноат, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВД БА ҶТ «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласа ин муаррифии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа масъалаҳои шарҳи муфассали Стандартҳои байналмилалии мавҷудаи ESG ва таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар ҷоринамоии он, тартиби ҷоринамоӣ ва риояи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ аз ҷониби ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидошта дар Тоҷикистон, расонидани мусоидати иттилотию методологии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки Стандарти мазкур нисбати онҳо татбиқ мегардад ва чорабиниҳои минбаъда оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тренингҳо дар самти Стандартҳои ESG баррасӣ гардиданд. Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва коршиносон вобаста ба таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт баромад намуда, иброз доштанд, ки дар давраи минбаъда барои баргузории тренингҳо барои ташкилоту корхонаҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки Стандартҳо нисбати онҳо татбиқ мешаванд, мусоидати худро мерасонанд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Стандарти ESG-ро дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ ва саривақтӣ ҳисобида, омодагии худро барои ҳамкорӣ иброз намуданд.

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное