Боздид аз Намоишгоҳи СПЕКА дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

  

24 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Намоишгоҳи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дидан намуданд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

.

  

24 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.