Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Котиби кумитаи Шаҳрии минтақаи Қашғар самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро муҳокима намуданд

.

  

22 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати минтақаи Қашғари ноҳияи Мухтори Синьцзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки онро Котиби кумитаи шаҳрии ноҳияи номбурда ҷаноби Яо Нин роҳбарӣ мекард.

Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа

.

  

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

  

Рӯзи 18 декабри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.