Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар соли 2023 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

.

  

15 январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд

.

  

11 январи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин бо Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.