
Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
8 декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид.
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга
3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот карданд.