Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

.

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

ЭЪЛОН!

.

Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, санаи 14 сентябри соли 2023 соати 10:00 дар ошёнаи дуюми бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯӣ «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркменистон ва Вазири иноватсия, саноат ва савдои Узбекистон пешбинӣ гардидааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд.