Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ Созишномаи ҳамкориро ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА ба имзо расониданд

.

Рӯзи 12 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Вазири молияи Арабистони Саудӣ ҷудо намудани маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳокима гардид

.

Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 - 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Абдулло Ал-Ҷадаан мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Раиси Фонди рушди Саудӣ маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон муҳокима гардид

.

Дар рафти иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 – 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад мулоқот анҷом дод.