Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Департаменти савдои USAID дар Осиёи Марказӣ (TCA)
17 ноябри соли 2023 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Роҳбари Департаменти савдои USAID дар Осиёи Марказӣ (TCA) Роберт Воетч баргузор гардид.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар доираи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба масъалаи содагардонии расмиёти савдо аҳамияти муҳим дода мешавад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID-ро вобаста ба содагардаонии савдо, аз ҷумла таҷдид ва такмилсозии сомонаи Портали савдои Тоҷикистон, инчунин муқаррароти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии савдо баррасӣ карда, мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида иброз намуданд.