Ҷаласаи 2-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
13 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таҳти ҳамраисии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва ҳамраисии Муовини сардори Бюрои Аврупо ҷаноби Икегами Масаки дар шакли ҳузурӣ баргузор гардид.