Сафари Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон барои иштирок дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли 2023
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид барои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ баргузор гардид.