Ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
12 октябри соли 2023 ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мониторинги татбиқи супоришҳои қаблӣ, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, мутобиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафсири 7-уми Низоми ҳамоҳангсозии таснифот ва рамзгузории молҳо ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.
Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.