Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид.
Санаи 22 сентябри соли 2022 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо маҷлиси навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой ифтитоҳ намуд. Дар ҷаласа намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Мирзо Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ иштирок намуданд.