Ифтитоҳи Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи “Парфенон” дар шаҳри Душанбе

.

 

19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

.

 

Рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи “Нақлиёт ва савдои устувор барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия” бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Чумхурии Точикистон бо Роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Cаноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

18 ноябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Cаноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот"-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.