2018

04 Май 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

Читать далее

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҷараёни мусбатро касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем.

Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегирад, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Читать далее

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз — муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад.

Читать далее

26 Апрел 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омаданд, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.

Читать далее

17 Апрел 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

16 апрел дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

16 апрел дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос намуданд.

Читать далее

Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ

13 апрел ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.

Читать далее