Июл 2020

30 Июл 2020

ПРЕСС – РЕЛИЗ: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазоратдар нимсолаи якуми соли 2020

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нишон медиҳад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ, маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2019, маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар, сафарҳои кории Роҳбари давлат ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад.

Читать далее

28 Июл 2020

Мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни кормандон барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

Имрӯз дар доираи дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни кормандон барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар соли 2020 баргузор гардид.

Читать далее

Ҷаласаи 8–уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28 июли соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Читать далее

23 Июл 2020

Ситоди ҷумуриявии назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азим Иброҳим оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон

Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ҷаласаи Ситоди ҷумуриявӣ доир гардид.

Читать далее

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мушовири Раёсати корҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати ҶХХ дар ҶТ Сун Ян дар шакли видеоконфронс

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июли соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мушовири Раёсати корҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Ян дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Читать далее

22 Июл 2020

Созишномаи грантии сеҷониба ба маблағи 18,6 млн. евро барои сохтмони НБО “Себзор” аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба имзо расид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Конфедератсияи Швейтсария маблағҳои умумии грантиро дар 55,2 млн. доллари ИМА барои сохтмони НБО “Себзор” ва инфрасохтори энергетикии он дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 11 МВт ҷалб намуд.

Читать далее

Шиносоӣ бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор

22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.

Читать далее

21 Июл 2020

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Читать далее

17 Июл 2020

Маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус

Дар давраи пандемияи коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 500 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ва зиёда аз 8 млн. шаҳрвандон тахминан 30 трлн. сӯм (29,4 млрд. доллар) имтиёз ва сабукӣ гирифтанд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное