Феврал 2022
09 Феврал 2022
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон
- Подробности статьи
9 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далее08 Феврал 2022
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу
- Подробности статьи
8 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.
Читать далееБа истифода додани Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои ҶДММ “Ганҷофар” дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
8 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Читать далееОғози сафари корӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Читать далее05 Феврал 2022
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ
- Подробности статьи
Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.
Читать далееМулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
- Подробности статьи
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи бозиҳои Зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Читать далее02 Феврал 2022
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
- Подробности статьи
Имрӯз, санаи 2 феврали соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2021 баргузор гардид.
Читать далее