Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон
9 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳар ду давлат гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллари ИМА ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт.
Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ аз Вазири рушди иқтисод ва савдо даъват ба амал овард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷумла «Чобаҳор» ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.