Все статьи

26 Апрел 2019

Рўнамо оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Санаи 26 апрели соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Вазорат аз 07 январи соли 2019, № 03 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории рӯнамоҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ барои соли 2019» аз ҷониби Раёсати таъминотӣ ҳуқуқӣ бо иштироки доираи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ рӯнамо дар мавзӯи «Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Читать далее

Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018

Рӯзи 26 апрел Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорону навоварон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»-26 апрел Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» -ро баргузор намуд.

Читать далее

Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар конфронси мавзӯӣ таҳти шиори "ҳамгироии сиёсӣ"

Дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" конфронси мавзӯӣ таҳти шиори "Ҳамгироии сиёсӣ" баргузор гардид, ки дар он як қатор намояндагони воломақоми кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Су Вей - Муовини Котиби генералии Комиссияи миллии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нин Ҷизе - Раиси Раёсати Комиссияи миллии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эссам Абделазиз Аҳмад Шараф - Собиқ Сарвазири Миср, Аъзои Шӯрои машварати форуми "Як камарбанд, як роҳ", Ҷон Гордон Уолтер - Президенти Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия, Ли Йонг - Директори генералии рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон иштирок намуданд.

Читать далее

25 Апрел 2019

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

Читать далее

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

 

25 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Читать далее

23 Апрел 2019

Дастури Пешвои миллат оид ба нархи истифодаи интернет

23.04.2019 19:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Читать далее

Мулоқоти Вазир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар ҶТ

23-юми апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар ҶТ, ҷаноби Ҷон Марк Поммерншайм баргузор гардид. 

Читать далее

20 Апрел 2019

Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе зимни ба истифода додани Амфитеатр дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсии ш. Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Рӯзи пойтахт ва ифтитоҳи амфитеатри зебову муосирро дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ба кулли сокинони шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён барои заҳмати софдилонаашон миннатдорӣ баён менамоям.

Читать далее

Ифтитоҳи Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее

Оғози корҳои навсозии “Комбинати орди Душанбе”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.

Читать далее