Все статьи
02 Октябр 2017
Мулоқоти Вазир бо Намояндаи доимии БР СММ.
- Подробности статьи
28 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Хикматуллозода бо ҳайати Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози доимии СММ- Намояндаи доимии Барномаи мазкур дар кишвар хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.
Читать далее22 Сентябр 2017
Чорабинӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат, инчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ доир гардид.
Читать далее21 Сентябр 2017
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо
- Подробности статьи
Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.
Читать далееМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер
- Подробности статьи
Дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.
Читать далееИштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
- Подробности статьи
20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.
Читать далееИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
- Подробности статьи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Читать далееМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш
- Подробности статьи
Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.
Читать далееСафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк
- Подробности статьи
18 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.
Читать далее05 Сентябр 2017
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча
- Подробности статьи
Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.
Читать далееМулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян барои иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуданд.
Читать далее