Все статьи
13 Май 2022
Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев
- Подробности статьи
13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далееҲайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо иштирок намуд
- Подробности статьи
Рӯзҳои 11-13 майи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Маркази байналмилалии савдо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда истодааст, баргузор гардида, дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, инчунин намояндагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат ва бахши хусусӣ низ иштирок намуданд.
Читать далее12 Май 2022
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу
- Подробности статьи
12 майи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.
Читать далее10 Май 2022
Шарҳу тафсири Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
- Подробности статьи
10 май бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварати корӣ баргузор гардид.
Читать далее09 Май 2022
Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд аз осеби сел ба иншоотҳои ноҳияи Панҷ
- Подробности статьи
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 6-уми майи соли 2022 сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ ба ноҳияи Панҷ анҷом дода, аз осеби сели санаи 3-4 майи соли ҷорӣ рӯйдода, бахусус пойгоҳҳои обрасонӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ корҳои бартарафсозии он, аз наздик шинос шуданд ва бо сокинони ноҳия вохӯри гузарониданд.
Читать далееИштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба
- Подробности статьи
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.
Читать далее01 Май 2022
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр
- Подробности статьи
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.
Читать далее30 Апрел 2022
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Иди Саиди Фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд
- Подробности статьи
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги – Иди Саиди Фитр аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 10 халта орд, 100 литр равған, 100кг биринҷ, 100кг макарон, 100кг шакар, 50кг шоколад, 50кг кӯлчақанд расонида шуд.
Читать далее28 Апрел 2022
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”
- Подробности статьи
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Читать далее26 Апрел 2022
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Читать далее